Мақола аз маҷаллаи Паёми Суғд дар бораи суруди Дили Модар Автор: admin Дата: 2017-03-30 Дили Модар
ДИЛИ МОДАР
Ин матлабро хонуми сухандон ва журналисти моҳир, Матлубаи Меҳр, ки ҷонро ба дифои фарҳанги ҳунар сипар кардаанд ва барои ривоҷу густариши забону адабиёти Тоҷик дар Ӯзбекистон ва берун аз он хидматҳои шоиста намудаанд, рӯи саҳифа овардаанд. Ба хоҳиши хоҳари арҷманд ин навиштаро аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудам.
Рӯзноманигори самарқандӣ, дӯстам Бахтиёр Шарифов ба ман воқеаи ибратбахшеро ҳикоят намуда буд. Ростӣ, хеле муассир шуда будам ва онро навишта, дар рӯзнома низ нашр намудам. Ана ҳамин навиштаамро барои азизон ироа медорам.
НЕРӮИ ҲАЁТБАХШИ САНЪАТ
-Гиряи Мухтор Комилро кӣ дидааст?
-Ман шоҳидаш будам. Мухтор Комиле, ки ду дидаи бенам дошту зиёда балоҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст, ба ашки шашқатор ман дидаам.
Вай ба писари Муродқули раҳматии бахшитепагӣ Файзалии ғижакнавоз бо илтиҷо:
-Укаҷон, ҷон ука, як бори дигар “Дили Модар”-ро бихон, гуфта инони гиряро сар дод. Мухтор аз Файзалии ғижакнавоз илтимос мекард, ки суруди Ҷӯрабек Муродов-ро, ки шеъраш ба қалами Мирзо Турсунзода таалуқ дорад, такроран бихонад.
Матни он чунин буд:
Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд..
Бо овози ширадор ба хондан оғоз намуд Файзалӣ. Чун ӯ ба замзамаи ин байтҳо шурӯъ намуд, Мухтор баробари ӯ ба тамоми овоз ҷӯр гашт ва ҳамон чашмонаш дар ашкҳо ғарқ шуданд:
Агар чи мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман,
Агарчи борҳо бегонаи дилсанг дидам ман,
Ба умеде, ки бинам чоҳканро ба зери чоҳ
Намурдам, гарчи бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман.
Ман ҳис намудам, ки вайро бо тафовут аз улфатҳои дигараш мусалласи Искандарӣ не, балки маҳз ҳамин суруд ба гиря меовард. Вақте ин байтҳо аз лабони ҳофиз пар мекушоданд, Мухтор ҳарчанд дар меҳмонхона, болои кӯрпача менишаст, аз ҷой бархест ва либосҳояшро афшонда ба сароянда ҷӯр мешуд:
Намурдам, зистам, фарзанди хурдамро калон кардам,
Шаби тӯйи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
Ба келин пешкаш кардам, дуо чун модарон кардам...
Вақте бо баҳонаи сигор кашидан аз меҳмонхона берун баромадем, Мухтор, ду дидааш нам, як қулоби дуди сигорро ба ҳаво сар дода, гуфт:
-Ака, ҳамин суруд ман ва боз бисту ҳафт нафари дигарро аз марг наҷот додааст. Як ҳаваскори бухороӣ ин сурудро хонда, аз як взводи калон...ҷони бисту ҳафт танро харида буд.
Вай ин таърихчаро чунин ҳикоят кард:
Ин воқеа дар Панҷшери Афғонистон рӯй дод. Дар пеш танк ва мошини зиреҳпӯш, мо-десанчиҳо аз қафо, савораи тақрибан даҳ мошин мерафтем. Аз мавзее убур мекардем, ки чаҳор тарафаш бо кӯҳҳои сарбафалак иҳота шуда буд. Аввал танку мошини зиреҳпӯше, ки пешопеш мерафтанд, баъд мошини қатор рокитборон шуданд. Акнун имкон надоштем, ки на ба пеш ва на ба ақиб ҳаракат намоем.
-“Все на укритие”- дод зад кумондони взвод. Зуд аз мошинҳо худро ба замин партофта, барои паноҳ бурдан ба паси сангу харсангҳо шитофтем. Аммо аз чаҳор тараф садои мусалсалҳо-автоматҳо баланд мошинҳои боркаши мо низ гулӯлаборон шуда, ҳама ба коми оташ рафтанд. Мо ба ҳамон тараф, ки мисли жола тир мерехт, оташ кушодем. Мерганҳои муҷоҳидон акнун моро якто-якто ҳадаф қарор дода, ба замин мехобонданд. Онҳо дар фароз кӯҳҳо, дар паноҳи сангҳои азим буданд. Мергани душман аскари қаторӣ Тӯлангаро, ки мехост аз ҷой хеста, заррае ба пеш ҳаракат кунад, ҳадаф қарор дод ва ӯ ба замин афтид. Ин дам тире ба ҷисми сержант Эдик ҳам бархӯрда, чароғи ҳаёти вайро абадан хомӯш сохт. Гӯё мо оҳу бузи кӯҳи будем, ки муҷоҳидон якто-якто ба нишон гирифта, шикор мекарданд. Ин дам ҷавони бухороӣ, ки Абдунабӣ ном дошт, суруди “Дили Модар”-и Ҷӯрабек Муродов-ро бо садои баланди ҷарангосӣ ба хондан оғоз намуд. Маргро ба гардан гирифта, хондани суруд таъсири тамоман дигар дорад, ака, тамоман дигар! Яке атрофро сукунат фаро гирифт. Сарбозони ду сангар аз ин овози ширадору дурпарвоз гӯё сеҳр гардиданд. Ба ҷуз суруд дигар садое набуд. Танҳо ба овози Абдунабӣ кӯҳу дараҳо ҷӯр шуда буданд. Ҳар санг, ҳар сахраи кӯҳ, гӯё суруди “Дили Модар” мехонд. Ака, ман ҷозибаи ин суруд, то чи андоза дилкашу мафтункунанда будани онро ҳамон рӯз фаҳмидам. Он вақт эҳсоси куштан ва кушта шудан, маргу зиндагӣ –ин ду нерӯи пуртазоди ҳаёт аз ёд рафта буд. Дар паҳлӯи сержант Эдик дароз кашида, атрофро аз назар гузарондам. Дараҳои сангин ба Абдунабӣ ҳамовоз шуда, суруд мехонданд:
-Намурдам, гарчи бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман...
Намедонам, дар ин лаҳза чи шуд, вале гӯё беҳудона аз ҷой баланд шудам ва гарду чангро аз либосам дур андохта, ба Абдунабӣ ҳамовоз гаштам:
- Намурдам, зистам, фарзанди худамро калон кардам...
Аз паси харсанги дигар командири взвод дод зад:
-“Ложис! Умрёш!!.”
Вале ман ба фарёди ӯ эътибор надода суруд мехондам:
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
Ба келин пешкаш кардам, дуо чун модарон кардам...
Вақте суруд ба охир расид, Абдунабиро ба оғӯш кашидам. Муҷоҳидоне ки чанд лаҳза пеш аз сар – сари кӯҳҳо тирпаронӣ мекарданд, акнун хомӯш суруд гуш мекарданд, ва яке дидем, ки онҳо ҳам аз камингоҳи худ баланд шуда, бо сари ҳам ба сӯямон меоянд.
- Ана ҳамин хел суруди “Дили Модар” бисту ҳафт нафар сарбозро аз марг халос кард.
- Ака, ҳамин суруд бисту ҳафт нафари маҳкум ба маргро халос кард. Туфайли ҳамин суруд ман то ҳанӯз зиндаам, ака! Нафас мекашам...
Дигарбора ба меҳмонхонаи Искандарӣ даромада, аз Файзалӣ хоҳиш намудам:
-Укаҷон, ҷон ука, қурбони ту, “Дили Модар”-ро бо як бори дигар бихон...
Шукур Ҷабборов
Просмотров: 5510
|